- сӯзан
- [سوزن]1. олати фулодини борики нӯгтези думсӯрох, ки ресмон гузаронда либос ва ғ. медӯзанд: сӯзани мошини дарздӯзӣ2. милаи хеле борики дарунхолӣ барои дору гузарондан ба бадан, сузандору; сӯзан задан а) сӯзан халондан ба ҷое, бо сӯзан сӯрох – сӯрох кардан чизеро; бо сӯзан дору гузарондан ба бадан; аз сӯрохи сӯзан гузарондан касе ё чизеро а) хеле сахт тафтишу таҳқиқ кардан; б) сахт маломату коҳиш кардан; ҷои сӯзан задан набудан дар ҳолати одам хеле зиёд будан гуфта мешавад; сӯзан партоед, ба замин намеғалтад дар мавриди ҷамъшавии зиёди одамон дар як ҷой гӯянд◊ саги сӯзанхӯрда беқарор ноором, дар талвоса
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.